Бо забони англисӣ гап зан, гӯё бо муаллими ҳақиқӣ суҳбат мекунӣ
Бо муаллими AI суҳбат кун: ӯ ба гапат гӯш медиҳад ва хатоҳоятро дарҳол ислоҳ мекунад. Дунёи бозӣ ҳам шавқатро нигоҳ медорад, то рӯзи сеюм дарсхониро напартоӣ.
Корти бонкӣ лозим нест. Пас аз ду дақиқа дарси аввалатро сар мекунӣ.
Чаро Tutoro на танҳо ҷойи муаллими хусусиро мегирад, балки аз ӯ ҳам беҳтар аст?
Бо Tutoro ба англисӣ гап мезанӣ, гӯш мекунӣ ва мехонӣ. Мисли дарс бо муаллим.
Моҳе $400
Ройгон
Ҳафтае ду дарс
24/7
Нақшаи дарсии омӯзгор
Ба ту мутобиқ мешавад
Дарси ҳақиқӣ бо гуфтугӯи зинда
Ту гап мезанӣ, муаллим ҷавоб медиҳад, мефаҳмонад ва дар рафти суҳбат машқ медиҳад.
Барои ҳар вазъият машқ кун
Мусоҳибаи корӣ ё суҳбат бо духтурро машқ кун, ба моҷарое ҳамроҳ шав ё вазъияти дилхоҳатро худат навис.
Ҳамсуҳбататро худат интихоб кун
Ҳар муаллим лаҳҷа ва хислати худро дорад. Онеро интихоб кун, ки бо ӯ суҳбат кардан бароят роҳат аст.
Аниқ медонӣ, чиро беҳтар кунӣ
Баъди ҳар дарс баҳоҳоятро бин ва фаҳм, ки кадом хатоҳоро такрор мекунӣ.
Калимаҳое, ки фаромӯш намекунӣ
Калимаҳоеро, ки қариб фаромӯш мекунӣ, дар бозиҳои кӯтоҳ такрор мекунӣ, то хуб дар ёдат монанд.
Роҳи омӯзиш, на варақзании беохир
Бо ҳар дарс дар харита як қадам пеш меравӣ ва як оламро тамом кунӣ, олами навбатӣ кушода мешавад.
Сатҳатро боло бар. Дар бозӣ ҳам!
Қаҳрамони худро соз: бо ҳар дарс сатҳаш боло меравад ва ба лигаҳои баландтар роҳ меёбад.
Дарс
Муаллиме, ки бароят ҳамеша вақт дорад
Дарсҳои 10-дақиқаӣ мувофиқи сатҳи ту: ҳар вақте хоҳӣ, машқ кун. Дар бисёр курсҳо ба гуфтугӯ кам аҳамият медиҳанд, ин ҷо бошад, асоси ҳар дарс гап задан аст.
Омӯзгоратро интихоб кун
Муаллимеро интихоб кун, ки лаҳҷа ва хислаташ ба ту маъқул бошад. Дигарашро мехоҳӣ? Бо як пахш иваз кун.
Суҳбатро оғоз кун
Ҳангоми суҳбат муаллим ба ту машқҳои кӯтоҳ медиҳад. На азёдкунии кӯр-кӯрона ҳасту на қоидаҳои рӯйи тахта.
Натиҷаатро бубин
Муаллим баъди ҳар ҷавоб хатоҳоятро ислоҳ мекунад. Дар охир аз натиҷаҳо мефаҳмӣ, ки чиро бештар машқ кардан лозим аст.
Дар харита пеш рав
XP ҷамъ кун ва нуқтаи навбатии харитаро кушо. Калимаҳоеро, ки ҳоло душвор дар ёд мегирӣ, баъдтар дар бозӣ такрор мекунӣ.
Гап задан
Гӯш кардан
Калимаҳо дар ҷумла
Грамматика бе азёдкунӣ
Дарсро бубин
Бо 20+ муаллим дар вазъиятҳои гуногун англисӣ машқ кун
Гап зан, навис ва машқ кун. Муаллими AI хатоҳоятро ҳамон лаҳза ислоҳ мекунад, то дар ҳар вазъияти рӯзмарра бо боварӣ ба англисӣ суҳбат кунӣ.
Sophia
Margaret
Кай
дигар
Сабти овоз
I'd like a table for two, please.
Ҷавобатро навис
Could we sit by the window?
Ҷумла бисоз
Seven o clock works for us
Қаҳрамони худатро соз ва ба табъи худ либос пӯшон
Вақте қаҳрамон худат ҳастӣ, омӯзиш ҳам ба бозӣ табдил меёбад. Қаҳрамонатро бисоз ва бо ҳар қадам дар омӯзиш либосу лавозимоти нав ба даст биёр.
Айнак
Сарпӯш
Либоси боло
Либоси поён
Пойафзол
Чеҳра
Абрӯвон
Бинӣ
Лабҳо
Дарсҳо дар харита, на дар рӯйхат
Ба ҷойи варақ задани рӯйхати дарсҳо ба сафар мебароӣ. Дар ҳар дарс бо вазъияте аз ҳаёти ҳаррӯза машқ мекунӣ ва ҳар сарзамини наве, ки мекушоӣ, нишон медиҳад, ки чӣ қадар пеш рафтаӣ.
Ҳар ҷазира як дарс аст. Якеро ба охир расон, то дарси навбатӣ кушода шавад ва ҳамеша донӣ, ки баъд чӣ меомӯзӣ.
Word Battle
Марғзор
Калимаҳои аввалин
Ададҳо ва вақт
Қаҳва фармоиш додан
Шиносоии нав
Биёбон
Роҳ пурсидан
Ҷойгиршавӣ дар меҳмонхона
Шом барои ду нафар
Мушкиле пеш омад
Кӯҳ
Аз корат нақл кун
Боадабона розӣ нашудан
Ҷавобҳо дар мусоҳиба
Суҳбати озоду осон
Барф
Фикри ҳамсуҳбатро дигар кун
Фикрҳоятро ба забон ор
Ибораҳои рехта дар суҳбат
Бо боварӣ суҳбат кун
Word Battle
Дар Word Battles бозигарони воқеиро мағлуб кун
Дар 60 сония аз рақибат бештар ҷавоби дуруст деҳ: ҳамаи калимаҳо аз дарсҳои гузаштаат ҳастанд. Хоҳ ғолиб шавӣ, хоҳ мағлуб, калимаҳоро беҳтар ёд мегирӣ.
Ту
Marta
XP-и дучанд
Сипар
Вақти иловагӣ
Калимаи дурустро интихоб кун
gentle
фаровон
Ҷоиза ҷамъ кун ва дилгарм бимон
Ҳар мукофот шавқатро барои дарси фардо зиёд мекунад.
Streak
Як рӯзро гузаронӣ, шуъла хомӯш мешавад. Қоидаи содаест, вале ҳавасатро ба машқи ҳаррӯза зинда нигоҳ медорад.
XP
Барои ҳар дарс, набард ва стори XP гир. Ҷойи ту дар лигаи ин ҳафта аз ҳамин XP вобаста аст.
Almases
Ҳангоми омӯзиш Almases ҷамъ кун. Бо онҳо муаллим, ашё ва қувваҳои иловагӣ бигир.
Ҳар вақте ки хоҳӣ
Бо бозӣ калима ёд гир, сториҳои интерактивӣ бихон
Дар Word Rider бо калимаҳое бозӣ мекунӣ, ки бештар дар онҳо хато мекунӣ. Дар сториҳо матнро гӯш мекунӣ, рӯйи ҳар калима зер карда, маънояшро мебинӣ ва ба саволҳо ҷавоб медиҳӣ.
Дар лигаҳо боло рав ва англисиро беҳтар ёд гир
A1 → B2
Ҳар душанбе ба гурӯҳи 30-нафара ҳамроҳ мешавӣ, ки ҷойи ҳар касро миқдори XP муайян мекунад. Ҳафта дар сафи пеш бошӣ, ба лигаи болотар мегузарӣ, дар охири ҷадвал бошӣ, як лига поён меравӣ.
Аз ҳамин ҷо оғоз мекунӣ
Аз Bronze поён намефароӣ. Ҳамагӣ даҳ лига ҳаст ва ҳар бор ба лигаи болотар гузарӣ, Almases мегирӣ.
Bronze
Silver
Gold
Sapphire
Ruby
Назари забономӯзон
Назарҳои кӯтоҳи онҳое, ки беш аз як ҳафта боз дарс мехонанд.
Ниҳоят барномае ёфтам, ки бо он воқеан англисӣ гап мезанам.
L.K.
Бовар намекардам, ки суҳбат бо муаллими AI ин қадар табиӣ мешавад. Ба ман маъқул аст, ки бо овоз ҷавоб медиҳам ва дар худи суҳбат шарҳи чизҳои нофаҳморо мегирам.
M.R.
Чанд барномаи забономӯзиро санҷидам, вале аксарашон баъди як ҳафта якрангу дилгиркунанда мешуданд. Дар Tutoro шавқовартар аст: дар рафти суҳбат машқҳоро ҳам иҷро мекунам.
A.S.
Машқи гуфтугӯ аз ҳама бештар ба ман маъқул аст.
N.P.
Ҳис мекунам, ки бештар бозӣ дорам, то дарс мехонам. Барои ҳамин ҳар рӯз бо хоҳиши худам бармегардам.
D.M.
Хушам меояд, ки вобаста ба куҷо буданам метавонам гап занам ё нависам.
S.T.
Дарсҳо кӯтоҳу фаҳмоанд, ҳамааш ба мавзуъ. Одатан дар вақти танаффус як дарсро мегузарам, вақти зиёд ҳам намегирад.
J.B.
Муаллим хатоҳои маро бо суханҳои сода мефаҳмонад. Ҳатто агар нодуруст ҷавоб диҳам, мефаҳмам, ки чиро бояд ислоҳ кунам.
E.K.
Аз ҳама бештар Word Battles ба ман маъқул аст. Вақте бо касе мусобиқа мекунам, калима ёд гирифтан хеле шавқовартар мешавад.
R.V.
Пешрафтамро дар харитаи ҷазира мебинаму хурсанд мешавам.
C.N.
Пештар англисиро хуб мефаҳмидам, вале гап задан бароям душвор буд. Аз вақте ки дар Tutoro мунтазам машқ мекунам, ҷавоб додан бо овоз бароям хеле осонтар шудааст.
I.G.
Сториҳо содаю фоиданоканд, ороишашон ҳам зебост. Аз ҳама бештар маъқул аст, ки калимаи ношиносро пахш мекунаму маънояшро мебинам.
F.L.
Аз барномаҳои омӯзиши англисие, ки санҷидаам, шояд ҳамин аз ҳама шавқовар бошад.
T.A.
Ба ман маъқул аст, ки суҳбатҳо фақат аз рӯйи матни тайёр намегузаранд. Ҳатто саволи ғайричашмдошт диҳам ҳам, муаллим бемалол суҳбатро давом медиҳад.
V.H.
Бо машқҳои талаффуз фаҳмидам, ки солҳо баъзе калимаҳоро хато мегуфтаам.
P.D.
Ниҳоят ҳар рӯз англисӣ хондан бароям одат шуд.
G.S.
Streak, лигаҳо ва мукофотҳо воқеан маро ба машқ кардан ҳавасманд мекунанд. Барномаро барои машқи гуфтугӯ гирифтам, вале маҳз бозӣ сабаб шуд, ки мунтазам дарс хонам.
B.R.
Вақте намехоҳам дарс гузарам ва фақат мехоҳам ба англисӣ гап зада машқ кунам, «Суҳбати озод» хеле ба кор меояд.
K.M.
Барнома дарсҳоро ба сатҳи ман мувофиқ мекунад. Дигар лозим нест, ки мавзӯъҳои навомӯзонро гаштаю баргашта хонам.
H.C.
Хеле маъқул аст, ки ҳар вақте савол дошта бошам, аз муаллим мепурсам. Ҳис мекунам бо муаллими шахсӣ дарс мехонам, на ин ки фақат дар барнома машқ иҷро мекунам.
O.J.
Ҳам суҳбат, ҳам бозӣ, ҳам сториҳо: ин тарзи омӯзиш ба ман хеле маъқул аст. Машғулиятҳо гуногунанд, ҳис намекунам, ки ҳар рӯз як корро такрор мекунам.
W.P.
Ҳамагӣ баъди чанд ҳафта бо боварии бештар ба англисӣ гап мезанам. Аз ҳама хубаш ин аст, ки дигар пеш аз ҷавоб додан ҳар ҷумларо дар хаёлам тарҷума намекунам.
M.C.
Аз барномаҳои одии забономӯзӣ хеле интерактивтару шавқовартар аст.
Y.R.
Маҳз барои суҳбат бо AI боз ба барнома медароям. Қариб мисли суҳбат бо одами воқеӣ машқи гап задан мекунам.
A.N.
Word Rider аҷаб бозӣ будааст, бас карда наметавонам.
D.K.
Ҳоло ҳатто бесаброна дарси навбатиро интизор мешавам. Пештар бо ягон курси англисӣ чунин нашуда буд.
L.F.
Роҳи тозае барои омӯхтани англисӣ. Машқҳо зиёданд, бозӣ ҳам ҳаст, барои ҳамин дилгир намешавам.
R.S.
Барои машқи гуфтугӯ бисёр хуб аст. Кош барои дар нақшҳои гуногун суҳбат кардан боз ҳам бештар вазъият илова мекарданд.
N.V.
Умуман, барнома олиҷаноб аст, дарсҳояш ҳам хуб тарҳрезӣ шудаанд. Баъзан энергия зудтар аз хостам тамом мешавад, вале ҳамин сабаб мешавад, ки тамоми ҳафта кам-кам машқ кунам.
E.T.
Муаллими AI ва дарсҳои гуфтугӯ олиҷанобанд. Кош барои аватар либос ва роҳҳои тағйир додани намуди зоҳириаш бештар мебуд.
J.M.
То дарси аввалат ҳамагӣ ду дақиқа
София аллакай интизори туст. Ройгон дарс хон, корти бонкӣ лозим нест.